Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар муроҷиати тозааш бори дигар ба мутаҳиддӣ ё ягонагии Ғарб алайҳи Русия даъват кард.
"Мо бояд якҷоя бошем," -- гуфт Байден дар суҳбат бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва пеш аз нишасти дурӯзаи сарони G7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон. Нишаст 26-уми июн дар Олмон оғоз шуд.
Вай афзуд, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, орзу дорад, ки "НАТО ва G7 ба навъе пароканда мешаванд... вале мо ин корро накардаем ва нахоҳем кард."
Байден аз садри аъзами Олмон барои мизбонӣ аз нишасти муҳими G7, ки дар он таҳримҳои зидди Русия ва пайомадҳои ҷанг дар Украина баррасӣ хоҳад шуд, ситоиш кард.
Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон низ Шолтсро таъриф кард. Ӯ гуфт, дар тӯли умраш ҳеч гоҳ бовар намекард, ки садри аъзами Олмон ба мардуми Украина барои дифоъ аз худу қаламравашон силоҳ мефиристад.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, аз сарони G7 хостааст, ба зидди Русия таҳримҳои бештар ҷорӣ карда, ба Украина силоҳҳои сангин бидиҳанд.