Русияро барои роҳ надодан ба фурӯши ғалладона аз Украина танқид карданд

Айни замон бештар аз 20 миллион тонна ғалладона дар анборҳои Украина мондааcт.

Яке аз сиёсатгузорони баландпояи Иттиҳоди Аврупо гуфт, Русия бо монеъ шудан ба содироти ғалладона аз Украина “дар воқеъ ҷинояти ҷангӣ” мекунад.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати умури хориҷии иттиҳод рӯзи 20-уми июн гуфт: “Тасаввураш сахт аст, ки миллионҳо тонна гандум дар Украина банд мондааст ва бақияи ҷаҳон аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд. Ин дар ҳақиқат ҷинояти ҷангӣ аст.”

Ҷозеп Боррел дар ин бора зимни оғози нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Люксембург сухан гуфт. Нишаст имрӯз оғоз ёфт. Вазирон дар ин ҷаласа роҳҳои содироти миллионҳо тонна ғалладонаеро баррасӣ мекунанд, ки Украина ба далели ҷанги Русия фурӯхта наметавонад. Неруҳои Русия роҳи аслии содироти ғалла, яъне Баҳри Сиёҳро бастаанд.

Баъди оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ва бастани бандарҳои он, содироти ғалла аз ин кишвар қатъ шуд. Айни замон бештар аз 20 миллион тонна ғалладона дар анборҳои Украина мондааcт. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иттиҳомоти Ғарбро ки мегӯяд, Маскав сабаби афзоиши қимати гандуму ғалладона дар ҷаҳон шудааст, рад мекунад.

Ӯ ҳафтаи гузашта иддао кард, ки Русия ба киштиҳое, ки аз тариқи Баҳри Сиёҳ ғалла содир мекунанд, кафолати амниятро медиҳад ва Украина роҳҳои дигар ҳам барои ин дорад. Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ки ин кори шуданӣ нест. Маскав дар гузашта талаб кардааст, ки дар ивази роҳ додан ба содироти ғалла бояд таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русия бардошта шаванд. Ҷозеп Боррел гуфт, таҳримоти аврупоӣ сабаби ин буҳрон нашудааст.