Вазири корҳои хориҷии Чехия гузориши расонаҳоро дар бораи кушта шудани як размандаи ихтиёрии ин кишвар дар Украина тасдиқ кард.
Ян Липавский рӯзи 11-уми июн гуфт, "ман тасдиқ мекунам, ки як шаҳрванди Чехия дар вилояти Донетски Украина кушта шудааст."
"Ҷасадро бояд ба вилояти Харков интиқол бидиҳанд," – афзуд ӯ.
Рӯзноманигор Ленка Кличперова, ки хабарро дар Фейсбук паҳн карда буд, гуфт, Михал Й., рӯзи 10-уми июн кушта шудааст.
Моҳи майи имсол як шаҳрванди Чехия дар Украина кушта шуда буд. Ҷасади ӯро дар канори роҳ дар наздикии шаҳри Макарив, воқеъ дар наздикии Киев, ёфтанд.
Ба гуфтаи ҳамсараш, ронандаи 49-сола пас аз ҳамлаи Русия барои кумак ба интиқоли мардум ба Украина рафта буд.