Сокинони пойтахти Туркманистон мегӯянд, ки дар ин шаҳр чанд рӯз аст, ки оби ошомиданиро барои муддатҳои муайян медиҳанд. Сокинони Ашхобод рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин рӯз об ба тамоми хонаҳо қатъ шудааст ва танҳо баъди соати 6 барои муддати кутоҳе дигарбора ҷорӣ шудааст.
Пештар аз ин раиси ҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳод кард, ки як системаи обрасоние сохта шавад, ки оби тасфишудаи Баҳри Хазарро ба шаҳри Ашхобод расонад. Мақомоти Туркманистон дар бораи қатъи обу сабабҳои он чизе нагуфтаанд, аммо солҳои ахир ин кишвари хушк ва дур аз саргаҳи оби дарёи минтақа бо камбуди об дучор мешавад. Гушаҳои дурдасти Туркманистон обро дар соатҳои муайян мегиранд, дар Ашхобод ин кор тобистони соли гузашта оғоз ёфт.
Рӯзи 8-уми июн Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳод кард, ки дар наздикии Баҳри Хазар системаи тасфияи оби ин баҳр сохта шавад ва оби онро мустақим бо лула ба Ашхобод интиқол бидиҳанд. Дар Туркманистон тобистон ҳарорат дар баъзе аз минтақаҳо то ба 50 дараҷа мерасад.