Як зодаи дигари Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст

Ин аксҳоро Меъроҷ Солиев дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Ҷасади боз як сарбози тоҷики артиши Русияро, ки ба қавли наздиконаш дар Украина кушта шудааст, ба Тоҷикистон меоранд. Пайвандони Сулаймонхӯҷа Набиеви 22-сола аз ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара гуфтанд, ҷасади ӯро рӯзи 8-уми июн аз сардхонае дар Вилояти Ростов гирифтанд.

Бародараш Меъроҷ Солиев рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ӯ ду рӯз қабл хабардор шуданд.

Ба нақли пайвандон, Сулаймонхӯҷа Набиев соли 2017 ба муҳоҷират рафта, дар Русия кору зиндагӣ мекард, аммо ду моҳ пеш соҳиби шиносномаи русӣ шуда, баъди сабтином дар Санкт-Петербург ба хидмат даъват шуд.

"Сулаймонхӯҷа дар Грознийи Чеченистон хидмат мекард, вале дар бораи кай ва чӣ тавр ба ҷанги Украина рафтани ӯ маълумот надорем," -- афзуд Меъроҷ Солиев.

Ҳамчунин, дақиқ нест, Сулаймонхӯҷа Набиев дар кадом минтақаи Украина ва дар чӣ шароите ҳалок шудааст.

Меъроҷ Солиев, бародари сарбози кушташуда, мегӯяд, ду рӯз пеш як масъули қисми ҳарбие, ки Сулаймонхӯҷа дар он хидмат мекард, ба ҷойи кораш занг зада, хабари марги ӯро расонд.

“Ба сардхона (морг) рафтем. Ба ғайр аз як сарбоз каси дигар ба назди мо наомад. Ҷасадро барои дору кардан ба оромгоҳи Ростов бурдем. Гуфтанд, ҳақ надорем, ки инро кушоем. Ин мурдаи терминал аст. Дар сардхона (морг) ҷасад хеле зиёд буд, мурдаро мисли тарбуз кофта мегирӣ,” – нақл кард ӯ.

Ҷасади сарбози кушташудаи тоҷикро бо ёрии муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд. Тобути ӯ шаби 9-уми июн аз Маскав ба Хуҷанд хоҳад расид.

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.

Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.

Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремлин «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.