Раиси Андиҷон бо гумони ғорати беш аз 4 миллион доллар боздошт шуд

Раиси Андиҷони Узбекистон Баҳромҷон Ҳайдаров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Аз додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, Ҳайдаров дар мансаби пешинаш - сардори бахши молии вилояти Андиҷон - бо зердастонаш аз буҷаи вилоят 4,34 миллион долларро ғорат кардаанд.

Дар доираи парвандаи ҷиноӣ 37 кас ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 32 тани онҳо боздошт шудаанд.

Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ Ҳайдаров аз дахлнопазирии вакилӣ маҳрум шуд.

Пештар аз ин Баҳромҷон Ҳайдаровро дар мақоми раиси шаҳр дар расонидани зарар дар ҳаҷми 153 ҳазор доллар айбдор карда буданд.