Гуштигирони тоҷик дар "Tbilisi Grand Slam 2022" бе медал монданд

Дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 3-5-уми июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор шуд, Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карданд, вале ягон нафари онҳо натавонист медал бигирад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Tbilisi Grand Slam 2022" ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ карданд.

Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев - натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд. Бо се ҷои ҳафтум мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 21-умро касб кард.

Мунтахаби Гурҷистон бо баҳисобгирии натиҷаҳои мардону занон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиб шуд. Мизбонон дар сабқати мардон дар панҷ вазн – 60, 73, 90, -100 ва + 100 кг - ҷойҳои аввалро гирифтанд. Дар ду вазни дигар – 66 ва 81 кг меҳмонон – варзишгарони Молдова ва Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуданд.

Беҳтаринҳо ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар "Tbilisi Grand Slam 2021” ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.