Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистог бо раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 1-уми июн, дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ҷараён дорад. Баъди анҷоми ҷамъомад дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.