Додситонии кулли Молдова рӯзи 24-уми май гуфт, президенти собиқи ин кишвар Игор Додон бо иттиҳоми марбут ба фасод боздошт шудааст.
Елена Казаков, додситони зидди коррупсия, дар изҳороте гуфт, қарори боздошти Додон баъди он содир шуд, ки муфаттишон дар пайи кофтукови хона, дафтари корӣ ва мошинҳои Додон чизу чораи бисёр гарон, асъори хориҷӣ ва дигар санадҳоро ошкор ва мусодира карданд.
Казаков гуфт, дар доираи ин парванда ҳам Додон ва ҳам шахсони дигари миёнараву ҳамкораш мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мусодирашуда даҳҳо миллион лей ё садҳо ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.
Санадҳои мусодирашудаи интиқолҳои пулӣ дар робита ба хариди хонаҳо 700 ҳазор долларро ташкил медиҳанд. Казаков гуфт, ду нафар ҳангоми талоши нобуд кардани далелҳо боздошт шуданд.
Худи Додон гуфтааст, гуноҳе надорад ва президенти амалкунандаи ғарбгаро Мая Сандуро гунаҳкор кард, ки гуё бо ин кораш мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз мушкилоти иқтисодии кишвар ба сӯи дигар кашад.
Ӯ гуфт, омода аст, ба ҳама суолҳои тафтишот посух диҳад ва парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.