Муовини раиси девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов аз кишвар берун шудани Давлат Сидиқов, раиси маҷмаи "Манас Айилӣ"-ро шарҳ дод. Байсалов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, "рафтори Сидиқовро нафаҳмидаст ва фишор овардан ба вай ғайримумкин аст".
"Ин иқдоми Давлат - беақлӣ аст. Ғайриимкон аст, ки касе ӯро тарс дода ё фишор оварда бошад. Ман дар тааҷҷубам", - гуфт Байсалов.
Давлат Сидиқов пештар хабар дод, ки аз роҳбарии маҷмаи фарҳангии "Манас айилӣ" канор рафтааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ҳамроҳ бо хонаводааш Қирғизистонро тарк кардааст. Сидиқов сабабҳои тарк кардани Қирғизистонро шарҳ надод. Вай илова кард, ки ба ӯ фишор овардаанд.
Замини маҷмаи фарҳангии "Манас айилӣ"-ро, ба гуфтаи Сиддиқов, мехоҳанд, бигиранд ва барои президенти Қирғизистон қароргоҳи нав бисозанд. Сиддиқов барои ҳифзи замини маҷмаи фарҳангӣ ба роҳбарияти Қирғизистон муроҷиат карда ва фишорҳо ба вай баъди он шуруъ шудаанд.
Маҷмаи "Манас Айилӣ" ба муносибати 1000-солагии достони "Манас" - соли 1995 сохта шудааст. Ин маҷмаа дар канори меҳмонхонаи "Иссиқкӯл" қарор дорад. Мақомоти Қирғизистон меҳмонхонаро тахриб карданд. Дар макони меҳмонхона маҷмаи нави биноҳои давлатӣ сохта мешавад.