Дар Узбекистон Анҷумани миллии расонаҳо таъсис шуд

Анҷумани миллии расонаҳои электронии Узбекистон тағйири ном кард. Акнун ин созмон Анҷумани миллии расонаҳои Узбекистон ном дорад. Ин тағйирот рӯзи 4-уми май сурат гирифт. Дар ҷаласаи охир ҳамчунин ҳайати роҳбарони анҷуман нав шуд.

Аброрҷон Пулодов, доктори илмҳои сиёсӣ мудири кулли анҷуман интихоб гардид.

Дар маҷлиси рӯзи 4 май гуфта шуд, ки Анҷумани миллии расонаҳо "барои намояндаи расонаҳо платформаи нав ташкил медиҳад".

"Нуктаи муттаҳидкунандаи платформаи нав идеяи миллии Узбекистони Нав - Эҳёи севум хоҳад буд", - омадааст дар хабари анҷуман.

Анҷумани миллии расонаҳои Узбекистон як созмони ғайридавлатӣ буда, 18 телевизиони ғайридавлатӣ, 19 радио ва 100 расонаи электронӣ узви он ҳастанд.