Озмуни шеъри беҳтарин дар васфи "Арқадаг"-и нав

Сардор Бердимуҳаммадов

Дар вилояти Балкани Туркманистон озмуни ғайрирасмии беҳтарин шеър дар васфи шахсияти раисҷумҳури нави он кишвар Сардор Бердимуҳаммадов эълон шудааст.

Чандин корманди муассисаҳои давлатии Балкан ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ғолибони озмун "туҳфаҳои бузург" ваъда шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, озмуни мазкурро идораи маорифи вилояти Балкан ба таври шифоҳӣ эълом кардааст.

"Барои беҳтарин шеър васфи Сардор Бердимуҳаммадов туҳфаи бузург ваъда шудааст. Мегӯянд, туҳфаро ба шоири ғолиб худи раиси вилоят тақдим хоҳад кард", - гуфт як корманди бахши фарҳанги Балкан ба шарти ифшо нашудани номаш 19 апрел.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ба ғолибони озмун чи гуна туҳфаҳо дода мешавад.