Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, аз Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, даъват кардааст, ки ба Украина сафар кунаду далелҳои "наслкушӣ"-и нерӯҳои Русияро бибинад.
Макрон аз истифодаи ин истилоҳ худдорӣ кардааст.
Зеленский дар мусоҳибае бо CNN, ки 17-уми апрел намоиш дода шуд, гуфтааст, бо Макрон дар ин маврид суҳбат дошт.
Раисҷумҳур Зеленский ҳамчунон гуфтааст, ӯ бовар дорад, Ҷо Байден, президенти Амрико, низ бояд аз Украина боздид кунад.
Аммо Кохи Сафед гуфтааст, ҳеч барномаи фаврӣ барои ин сафар вуҷуд надорад.