Парлумони Покистон ба интихоби нахуствазири нав омода мешавад

Шаҳбоз Шариф - президенти Лигаи мусалмонони Покистон “Навоз”

Рӯзи 11-уми апрел парлумони Покистон нахуствазири навро интихоб мекунад. Ин қарор дар ҳоле иҷро мешавад, ки баъди чандин ҳафта бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар, Имрон Хон бар асоси овоздиҳии адами эътимод аз мақоми нахуствазири кишвар барканор шуд. Интизор меравад, ки ҷои ӯро Шаҳбоз Шариф мегирад, ки президенти Лигаи мусалмонони Покистон “Навоз” ва бародари хурдии собиқ нахуствазири секаратаи Покистон Навоз Шариф мебошад. Ҳизби “Таҳрики инсоф”-и Имрон Хон собиқ вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайширо ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кардааст. Нахуствазири нав то октябри соли 2023 дар қудрат мемонад ва баъди ин интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Субҳи 10-уми апрел бо талошҳои нирӯҳои муттаҳидаи мухолифон дар парлумон овоздиҳии адами эътимод барпо шуд ва Хонро аз мақоми нахуствазирӣ барканор карданд. Дар овоздиҳӣ аз 342 узви маҷлис 174 нафар ба тарафдории эълони адами эътимод ба нахуствазир овоз доданд. Хон аз ин пеш аз роҳи пароканда кардани парлумон хост, ки пеши роҳи барканории худро бигирад, вале Додгоҳи олӣ ин қарорро бекор кард.