Вазорат гуфт, занозании муҳоҷирони тоҷику қирғизро "зери назорат доранд"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март хабар дод, ки қазияи занозании муҳоҷирони тоҷику қирғизро дар Русия зери назорат доранд.

Ҷанҷоли гуруҳӣ 8-9-уми марти имсол дар корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй додааст.

Вазорат мегӯяд, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, низ дар ин замина ба ҳамтои русаш нома фиристода, хостааст, қазияро саривақт тафтиш карда, таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.

"Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ҳудуди ИДМ вазифадор карда шуд, бо ҳамтоёни худ дар Русия дар иртибот бошад ва ба рафти тафтишот ёрӣ расонад," -- гуфта шудааст дар хабари ВКД.

Дар гузашта низ байни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бар сари кору пул муноқиша сар задааст, вале ҳодисаи охирро дар пасманзари ҷанҷолҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронкунанда медонанд.