Раҳбари зиндонии мухолифони Русия Алексей Навалний ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард. Ӯ рӯзи 24-уми феврал ҳини мурофиаи додгоҳӣ дархост кард, ки ин изҳори назари ӯро дар протоколи парванда дарҷ кунанд.
Оқои Навланий афзуд, ҷанг байни Русия ва Украина барои ба тарафи дигар бурдани таваҷҷуҳи мардуми Русия аз мушкилоти мавҷуд дар дохили кишвар оғоз шуд.
Навалний, ки либоси зиндонӣ ба тан дошт, гуфт, ҷанг сабаби қурбонӣ ва вайрониҳои зиёд шуда, боиси фақир шудани шаҳрвандони Русия мегардад. "Ман бо ин ҷанг мухолифам," -- илова кард Навалний.