Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расид

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1".

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар як соли 2021 тақрибан 500 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар умум, ҳоло қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳи барқи обӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расидааст.

Бино ба иттилои масъулони нерӯгоҳ, ба шабакаҳои барқии кишвар ба фарқ аз як сол пеш 23 миллион кВт/соат барқи бештар интиқол додааст, аммо ширкати "Барқи тоҷик" аз аввали сол ҳамагӣ 38 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт кардааст, ки камтарин маблағ дар тамоми таърихи фаъолияти нерӯгоҳи барқи обӣ будааст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Қудрати нерӯгоҳ 670 мегават дар як солро ташкил медиҳад. Яке аз харидорони аслии барқи тавлидкардаи неругоҳи “Сангтуда-1” ширкати “Барқи тоҷик” аст, ки дар навбати худ онро ба идораву корхона ва сокинони кишвар интиқол медиҳад ва ҳамчунин ба кишварҳои ҳамсоя содир мекунад.

Масъулини ширкати "Сангтуда-1" дар ҳоле аз тавлиду интиқоли барқи бештар ба шабакаҳои барқӣ хабар медиҳад, ки дар ҳамин сол шикояти сокинони аз камбуди барқ хеле зиёд буд.