Сокинони зарардидаи Исфара ҷуброн мехоҳанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворро дар инҷо бинед

Дар муноқишаи шаби 27 ба 28-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 30 ҳавлии сокинони деҳаи Сурх, Сомониён ва Хоҷаи Аълои Исфара зарар дидааст.

Чанде аз он манзилҳо пурра вайрон шуда, бошандагонаш бехонаву ҷо мондаанд. Онҳо талаб доранд, ки мақомот ҳарчи зуд хонаҳояшонро таъмиру бозсозӣ кунанд, то дар рӯзҳои сарди зимистон саргардон нашаванд. Мақомот ҳанӯз маблағи зиёни расидаро нагуфтаанд.

Аз 11 мушаки миномёт, ки танҳо ба деҳаи Сурх партоб шудааст, чандтои он ба ҳавлии Абдусалом Набиев афтодааст. Дар се ҳуҷраву даҳлези он ду оила зиндагӣ мекарданд. Дар шаби ҳодиса онҳо барои саломат мондан дар таҳхона ва манзили хешу табор паноҳ бурдаанд. Cубҳ вақте баргаштанд, хонаҳояшонро вайрона ёфтанд.

Абдусалом Набиев, сокини деҳаи Сурх, гуфт: "Ҳоло дар ҳар куҷо зиндагӣ дорем. Ман дар ҳавлии ҳамсоя ҳастам. Падару модар ва ҳамсару фарзандонам дар хонаи бобоямон. Мақомот гуфтанд, ки ба ҳеҷ чиз нарасед, тафтиш мегузаронем. Хоҳиш мекунем, ки тезтар корҳояшонро кунанду моро дубора ҷобаҷо кунанд."

Ин хонаро дар Хоҷаи Аъло вайрон кардаанд

Ба мисли муноқишаҳои қаблӣ бошандагони деҳаи марзии Сомониёни Исфара низ дафъатан хисороти зиёд дидаанд. Аз рӯи ҳисоби ибтидоии мақомот дар ин деҳа беш аз 11 ҳавливу як бунгоҳи тиббӣ зарар дидааст. Хонаҳое низ ҳастанд, ки дар ин танишҳо борҳо ҳадаф қарор мегиранд.

Хонаи сокини деҳаи Сомониён, Фарҳод Бобоев, дар таниши марзии моҳи апрел-майи соли 2021 вайрон шуда буд. Мақомоти тоҷик онро бозсозӣ намуда, моҳи июн супориданд. Ин хона дар ҳодисаи шаби 27-уми январ дубора ба коми оташ рафт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қирғизистон зиёни молии таниш дар марзро эълон кард

Дар ҳамин ҳол, сокинони баъзе аз хонаҳои зарардида ҳанӯз аз эҳтимоли таркиши мушакҳо ё гулӯлаҳои партобшуда бим доранд. Мақомот чанде аз онҳоро безарар гардондаанд, аммо бошандагон аз таҷрибаи муноқишаҳои пешина мегӯянд, баъди чанд рӯзи ҷанг низ шоҳиди таркиши мушакҳои зери хоку девор пинҳонмонда мегарданд.

Ҳоло аз ҷониби мақомот ғайр аз эълони расмии захмиёну қурбониён дар бораи чӣ қадар будани зарари расида иттилое нест. Мақомот нагуфтаанд, ки кай хонаҳои сокинонро сохат медиҳанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, дар муноқишаи ахир сокинони Бодканд 3 миллион сом зарар диданд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январи имсол, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Баъдан ду тараф шаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун бурда, посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.