Тоҷикистон ба Афғонистон ба 56 миллион доллар барқ фурӯхтааст

Бинои ширкати Барқи тоҷик

Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтанд, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 56 миллион доллар (1 миллиарду 275 миллион киловат соат) нерӯи барқ фурӯхтааст.

Муҳаммадумар Асозода, раиси "Барқи Тоҷик", рӯзи 31-уми январ дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати "Брешно"-и Афғонистон 33 миллион долларро ташкил медиҳад.

Раиси тозаъйини “Барқи Тоҷик” дар идома афзуд, бо вуҷуди вазъияти пешомада дар Афғонистон, "Брешно" марҳила ба марҳила пардохти қарзҳои худро оғоз кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, "Брешно" дар моҳи январ 2 миллион доллар қарзи "Барқи Тоҷик"-ро баргардонд ва қарор аст ва ояндаи наздик ҳамин миқдор пулро баргардонад.

Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, мегӯяд, интиқоли барқ ба Афғонистон “хусусияти иҷтимоӣ” дорад.