Санаи референдуми тамдиди қудрати Лукашенко таъин шуд

Александр Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат мебошад

Дар Беларус рӯзи 27-уми феврал референдум ё ҳамапурсӣ барои тағйир додани конститутсияи кишвар барпо мешавад. Ҳадафи асосии тағйироти қонуни асосӣ соли 2035 дароз кардани мӯҳлати раҳбарии Александр Лукашенкои худкома мебошад. Дар бораи санаи баргузории ҳамапурсӣ рӯзи 20 январ дафтари президенти Беларус хабар дод. Дар ҳампурсӣ ба сокинон як суол медиҳанд: “Шумо тағйироту иловаҳо ба конститутсияи Ҷумҳурии Беларусро қабул мекунед?” Лукашенкои 67-сола баъди он аз зарурати тағйир додани конститутсияи кишвар гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи президентии августи соли 2020, ки Лукашенкоро пирӯз эълон кард, бо норизоияти шадид ва мухолифати мардум рӯбарӯ шуд. Лукашенко бо бераҳмтарин шева эътирозҳои мардумиро саркӯб кард. Эътирозгарон гуфтанд, даври шашуми раёсатҷумҳурии Лукашенко бо роҳи тақаллуб ба даст омадааст.

Мухолифони Лукашенко баргузории референдумро ба боди танқид кашида гуфтанд, ки дар пасманзари таҳримҳои ғарбу инзивои байналмилалӣ Лукашенко талош дорад, ки ҳузури худро дар қудрат тақвият диҳад. Дар сурати қабули конститутсия, Лукашенко аз пайгард озод мешавад ва мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар бо ду мӯҳлати панҷсола маҳдуд хоҳад шуд. Вале то он замон Лукашенко метавонад то 81-солагӣ дар сари қудрат бимонад.