Нерӯҳои сулҳофари тоҷикистонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон берун шуданд. Низомиёни тоҷик тариқи ҳавопймои Ил-76 аз Алмаато ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Сарбозони тоҷикро дар ҳавопаймо як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон ҳамроҳӣ намуданд, ки барои таътил ба ватан рафтанд. Нерӯҳои паймони таҳти раҳбарии Русия, аз ҷумла сарбозони тоҷик, ҳафтаи гузашта бо даъвати раҳбарони Қазоқистон ва баъди он ба Алмаатову дигар шаҳрҳо рафтанд, ки тазоҳурот ба зидди болоравии қимати гази моеъ ба ошӯбу хунрезӣ ва бархӯрди издиҳом бо маъмурони пулис кашид. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 11-уми январ гуфт, раванди ихроҷи нерӯҳои СПАД на камтар аз даҳ рӯзро дар бар мегирад.
Нерӯҳои сулҳофари тоҷикистонии СПАД Қазоқистонро тарк карданд
Нирӯҳои тоҷикистонии узви СПАД дар Қазоқистон. 11 январ, Алмаато