Тоқаев вазъи фавқулодаро дар се минтақаи Қазоқистон поён дод

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, вазъи фавқулодаро дар се минтақаи кишвараш - вилоятҳои Павлодар, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шимолӣ хотима дод. Бино ба фармони имзошуда, вазъи фавқулода аз соати 7-и субҳи 13-уми январ ба поён расидааст. Тоқаев рӯзи 4-уми январ дар пайи беназмиҳо ва эътирозҳои мардумӣ аввал дар вилоятҳои Мангистау ва Алмаато, дертар дар саросари кишвараш то рӯзи 19-уми январ вазъи фавқулода эълом карда буд.