Оғози гуфтугӯҳои амниятӣ миёни Русия ва НАТО дар Брюссел

Нишасти НАТО-Русия дар Брюссел

Имрӯз, 12-уми январ, дар қароргоҳи паймони низомии НАТО дар Брюссел гуфтугӯҳои амниятӣ миёни кишварҳои аъзои ин паймон ва Русия оғоз мешавад.

Нишасти шӯрои НАТО-Русия пас аз соли 2019 бори аввал баргузор мешавад. Ин мулоқот пас аз музокироти амниятии ин ҳафтаи Амрико ва Русия сурат мегирад, ки рӯзи душанбе дар Женева доир шуд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко ва муовини вазири дифои он кишвар Александр Фомин ҳайати Русияро дар мулоқот бо кишварҳои узви НАТО раҳбарӣ мекунанд. Оқои Грушко ин мулоқотро "фурсати муносиб" барои робитаҳои Русия ва НАТО хонд.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Амрико Венди Шерман низ дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел мебошад. Меҳвари ин гуфтугӯҳо дар бораи ҷобаҷойии ҳудуди сад ҳазор низомии Русия минтақаҳои марзӣ бо Украина мебошад.

Русия аз густариши НАТО дар марзҳои худ нигарон аст ва дар музокирот бо Амрико шарт гузошт, ки набояд узвияти Украина бо ин паймони низомӣ пазируфта шавад.

Шуморе аз мақомҳои ғарбӣ ва коршиносон мегӯянд, ҷобаҷо кардани нерӯҳои русӣ дар марзи Украина дар воқеъ як талош аз ҷониби Русия аст, то Амрико ва муттаҳидонашро ба имтиёз додан маҷбур кунад.