“Элбаси” дар куҷост? Сухангӯяш иддао дорад, ки “дар Қазоқистон аст”

Нурсултон Назарбоев то соли 2019 раёсати ҷумҳурии Қазоқистонро ба уҳда дошт. Акс аз бойгонӣ

Айдос Укибой, сухангӯйи президенти пешини Қазоқистон, дар Твиттер навишт, ки Нурсултон Назарбоев “Қазоқистонро тарк накардааст” ва “ҳоло дар пойтахт қарор дорад”.

Укибой иддао дорад, ки Назарбоев “як қатор мулоқоти машваратӣ гузаронда, бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мустақим тамос дорад.”

"Элбаси дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нурсултон, аст. Лутфан, маълумоти бардурӯғ ва тахминиро паҳн накунед," – навиштааст Укибой. Ӯ изофа кардааст, ки Нурсултон Назарбоев "бо сарони кишварҳои дӯсти Қазоқистон чанд дафъа гуфтугӯи телефонӣ кардааст", вале аз ҳеч касу кишваре ном набурдааст.

Чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ аз тамоси раҳбаронашон бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хабар доданд, аммо аз Назарбоев чизе нагуфтанд.

"Элбаси аз ҳама даъват мекунад, ки барои рафъи буҳрон ва таъмини якпорчагии кишвар дар гирди президенти Қазоқистон муттаҳид шаванд," – хулоса кардааст Айдос Укибой.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Нурсултон Назарбоев мақоми раиси Шӯрои амниятро, ки бояд якумрӣ раҳбарӣ мекард, тарк карда, ваколатҳоро ба президент Тоқаев вогузор кардааст. Ҳамчунин, маълумоте набуд, ки ӯ ҳангоми эътирозҳо дар куҷо буд.

Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 7-уми январ хабар доданд, ки ду ҳавопаймои шахсии марбут ба хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек фуруд омадааст.

Раҳпаймоие, ки рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон шуруъ шуд, дар минтақаҳои дигар ҳамовозӣ ёфт ва баъдан ба хушунат печид.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни беназмиҳо 18 низомӣ кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд. Дар бораи кушта шудани даҳҳо эътирозгар, ки мақомоти Қазоқистон онҳоро “бандит” ва “террорист” мехонанд, гузоришҳо расидаанд. Беш аз 4 ҳазор кас дастгир шудаанд.