"Uzbekistan Airways" парвозҳо ба шаҳрҳои Қазоқистонро лағв кард

Ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" парвозҳоеро, ки қарор буд аз 8 то 11 январи соли равон ба шаҳрҳои Қазоқистон анҷом шаванд, лағв кард. Ба огаҳии ширкат, парвозҳои мазкур қарор буд, дар масирҳои "Тошканд - Алмато - Тошканд", "Самарқанд - Алмато - Самарқанд", "Нукус - Оқтеппа - Нукус", "Ургенч - Актау - Ургенч" ва "Нукус - Актау - Нукус" анҷом шаванд. Мусофирони парвозҳо метавонанд пули билетҳои худро пурра пас гиранд.