Тоҷикистон гуфт, аз тазоҳуроту нооромиҳо дар Қазоқистон нигарон шудааст

Алмаато, 6-уми январи 2022

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз тазоҳурот ва нооромиҳо дар Қазоқистон амиқан нигарон шудааст ва Тоҷикистон омода аст, барои ором кардани авзоъ ва "рафъи хатари ба миёномада" ба ин кишвар кумак кунад.

Вазорат рӯзи 6-уми январ бо нашри баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, "мо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро бо таасуфи ҷиддӣ таъкид менамоем."

Дар Қазоқистон тазоҳуроти мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ аз рӯзи 2-юми январ идома дорад. Ҳукумат дар саросари кишвар вазъи фавқулода эълон кард.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев, тазозургаронро "террорист" номид ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони зери раҳбарии Русия, кумак хост. Ин дар ҳолест, ки пештар сокинони норозӣ мегуфтанд, онҳо гирдиҳамоии осоишта баргузор карда, аз мақомот истеъфои ҳукумат, кам кардани сатҳи бекорӣ ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб доранд.

Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст ва Вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, "ният дорем, дар амалиёти дастҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем."

Дар робита ба фиристодани нерӯҳои сулҳофари Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Қазоқистон назари коршиносони тоҷик гуногун аст. Бархе бар инанд, ки ин созмон ҳаққи дахолат ба умури дохилии як кишвари узвро надорад. Дигарон мегӯянд, нирӯҳои сулҳхоҳи СПАД ҳаққи таъмини амният дар кишварҳои узвро доранд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия гуфтанд, ки гуруҳи нахустини нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ), иттиҳоди низомии чанд кишвари Шӯравии пешин, дар Қазоқистон ба амалиёт шуруъ кардаанд. Хабаргузории давлатии РИА Новости 6-уми январ гуфт, воҳидҳои десантии нерӯҳои посдори сулҳ вориди ин кишвари Осиёи Марказӣ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС низ иттилоъ дод.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт. Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.