Синамогарони тоҷику узбек дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ филм мегиранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Синамогарони тоҷик пешниҳод доранд, ки баъзе аз саҳнаҳои филми муштараки "Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ"-ро дар Тоҷикистон ба навор гиранд.

Филмсозони тоҷик пешниҳод доранд, ки бархе аз саҳнаҳои филми муштарак бо синамогарони узбек «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ» дар Тоҷикистон наворгирӣ шавад. Ба ин манзур синамогарони узбек имрӯз аз масҷиди «Мавлоно Яъқуби Чархӣ» дидан карданд, ки тибқи ривоятҳо чинори бузург дар саҳни он аз асои гузошташудаи Абдураҳмони Ҷомӣ сабзидааст. Тасмими таҳияи ин филм дар ҷараёни сафари ахири президенти Узбекистон ба Тоҷикистон гирифта шудааст.