Писари як миллиардери наздик ба Путин “мақом” гирифт

Роман Ротенберг

Роман Ротенберг, писари як миллиардери наздик ба президенти Русия Владимир Путин, ки ҳеч таҷрибаи ҳоккейро надоштааст, мураббии дастаи ҳоккейи "СКА"-и Санкт-Петербург таъйин шуд.

Дастаи "СКА" яке аз бошгоҳҳои муҳимтарини Лигаи континенталии ҳоккей ба шумор меравад.

Падари Роман Ротентерг - Борис Ротенберг, яке аз сарватмандтарин шахсони Русия ва дӯсти даврони кӯдакии президенти Русия аст.

Молики дастаи "СКА"-и Санкт-Петербург ширкати азими "Газпром" ва раиси он Геннадий Тимченко - дӯсти дигари Владимир Путин мебошад.

Роман Ротенберг ҳеч гоҳ мураббӣ ё ҳоккейбози касбӣ набудааст. Ӯ соли 2019 аз Донишгоҳи Сибир муҷаввизи мураббӣ дастрас намудааст.

Моҳи сентябри гузашта Роман Ротенберги 40-сола аснои мусоҳиба бо телевизиони варзишии "Матч ТВ" гуфта буд, ки аз соли 2014 камаш 800 қувваозмоии ҳоккейро тамошо кардааст ва ин таҷрибаи ба истилоҳ "ҷиддӣ" мебошад.