Таҷлил аз соли нави милодӣ дар бисёре аз шаҳрҳои бузурги ҷаҳон бекор шуда ва ё ба таври маҳдуд баргузор мешавад. Ин вазъ дар ҳолест, ки “омикрон”, навъи ҷадиди вируси корона дар бисёре аз кишварҳо сироят кардааст.
То як моҳ пеш ба назар мерасид, ки ваксинаҳои зидди коронавирус сабаб хоҳанд шуд, то миллиардҳо нафар дар ҷаҳон битавонанд соли навро бидуни маҳдудият ҷашн бигиранд. Аммо, баръакс, соли 2022 бо маҳдудиятҳои нав ва афзоиши мавридҳои сирояти коронавирус оғоз хоҳад шуд.
Дар Токио маросими машҳури таҷлил аз соли нави милодӣ бекор мешавад. Дар Деҳлии нав низ иқдоми ба ин монанд сурат мегирад.
Бинобар густариши мавридҳои нави коронавирус дар саросари Аврупо, дар Афина, Лондон, Париж, Рум ва Берлин маросими соли нав, аз ҷумла оташбозӣ лағв шудааст. Аммо дар Ню-Йорк маросими анъанавии соли нав бо як силсила маҳдудиятҳо баргузор хоҳад шуд.