Cозмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 28-уми декабр ҳушдор дод, ки омикрон – навъи тағйирёфтаи коронавирус – метавонад, шифохонаҳои кишварҳои ҷаҳонро аз беморон пур кунад, агарчӣ таҳқиқот нишон додааст, ки омикрон гирифторонро сахт бемор намекунад.
Рӯзҳои гузашта дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон вирус ба теъдоди зиёде аз мардум сироят кардааст. Чин ва Аврупо аз ҳамин сабаб баъзе аз маҳдудиятҳои кору равуоро баргардонданд.
Аз 24-уми декабр инҷониб парвози 1500 ҳавопаймо лағв (бекор) карда шуд, чун ба гуфтаи масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ кормандонашон ба сабаби сирояти коронавирус ба кор омада натавонистаанд.
Дар Фаронсаву Бритониё, Португалия ва Итолиё дар рӯзҳои ҷашни милоди Масеҳ шумораи гирифторон ба таври рекордӣ зиёд шудааст. Дар Амрико сирояти коронавирус, аз ҷумла омикрон, дар ду ҳафтаи гузашта ду баробар зиёд шудааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ҳарчанд омикрон бемории сабук бармеангезад, вале набояд онро саҳл гирифт, чун ба қавли Катерин Смолвуд, як намояндаи баландпояи созмон, мумкин аст, теъдоди беморони бистарӣ аз ҳисоби ваксиннагирифтаҳо бисёр зиёд шавад ва шифохонаҳо зери фишори зиёд монда, аз уҳдаи муолиҷаи мардуми зиёд барнаоянд.