Эмомалӣ Раҳмон: "Тоҷикистон ҳаргиз ба умури дохилии ҳамсояҳо дахолат намекунад"

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, ба вазъи Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ мудохила намекунад. Вай гуфт, ки кишвараш хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад, ки намояндагони ҳамаи қавмҳо дар он шомил бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ афзуд, ки кишвараш омодаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин ҳамсоякишвараш мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина ба созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон имкониятҳои логистикии Тоҷикистон барои расонидани ёрӣ ба Афғонистонро пешниҳод кардаанд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатаҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод кардааст. Давлатмардони тоҷик пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон дар муносибатҳои мухталиф аз ин гурӯҳ даъват карданд, ки бо иштироки ҳамаи ақвоми он кишвар, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун шуморе аз сарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Тоҷикистон то ба ҳол ба таври расмӣ ҳузури раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар қаламрави худро тасдиқ накардааст.