Наздики ҳазор зиндонӣ дар Қазоқистон афв мешавад

Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.

Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 2 декабр тарҳи қонун "Дар бораи афви марбут ба сисолагии истиқлол"-ро қабул кард.

Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, бар асоси ин қонун наздики ҳазор зиндоние, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, озод мешаванд. Ҳамзамон, бар асоси ин қонун, муҳлати ҳабси қисми дигаре аз маҳбусон кам мегардад.

Пештар аз ин вазир гуфта буд, 2236 кас шомили афв ва ҳамзамон наздики 5 ҳазор парвандаи ҷиноӣ пӯшида мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 34 ҳазор кас дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Тарҳи қонуни афв барои имзо ба президенти Қазоқистон ирсол шудааст.