Намояндагони Амрико ваъда додаанд, ки ба пуштибонии худ аз раванди кумакрасонии Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон дар зимистони дар пешистода идома медиҳанд. Онҳо ҳамзамон дар мулоқоти худ бо Толибон дар Қатар, ба ин гурӯҳи ҳоким бар Афғонистон ҳушдор додаанд, ки аз ҳуқуқи башар ҳимоят кунанд.
Рӯзҳои 29-30-юми ноябр ду ҷониб барои аввалин бор пас аз ба қудрати расидани Толибон гуфтугӯ карданд. Таҳримҳои молии Амрико ва лағви ногаҳонии аксар кумакҳои хориҷӣ, иқтисоди ин кишвари ҷангзадаро ба варшикастагӣ рӯбарӯ кардааст. Дар ҳамин ҳол захираҳои Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ аз кишвар масдуд шудаанд.
Дар натиҷа Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Афғонистон дар остонаи як фоҷеаи башарӣ қарор дорад ва беш аз нисфи мардуми ин кишварро дар зимистон хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Ҳайатҳои ду кишварро дар музокироти Қатар намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон Томас Вест ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ раҳбарӣ карданд.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, рӯзи 30-юми ноябр дар "Твиттер" навишт, дар ин мулоқот роҷеъ ба масоили сиёсӣ, тандурустӣ, маориф ва амният гуфтугӯҳо сурат гирифт. Ӯ афзуд, Толибон аз намояндагони Амрико хостаанд, дороиҳои бандмондаи Афғонистонро озод кунад ва масоили сиёсиро бо масоили башарӣ омехта насозад.
Аммо дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар пайванд ба озодсозии пулҳои бандмондаи Афғонистон дар бонкҳои ғарбӣ чизе гуфта нашудааст.