Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, гуфт, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки баъди ба охир расидани давраи ҳозираи раҳбарияш дар соли 2024 дубора номзадии худро пешбарӣ кунад ё на.
"Мувофиқи Конститутсия ҳақ дорам, ки ба муҳлати нав интихоб шавам. Вале оё ин корро мекунам ё не, ҳанӯз тасмим нагирифтаам," – гуфт Путин рӯзи 30-юми ноябр дар як нишасти сармоягузорӣ дар Маскав.
Ислоҳоти баҳсбарангезе, ки соли гузашта ба Конститутсияи Русия дохил карда шуд, заминаро барои дар қудрат мондани Путин то соли 2036 фароҳам меоварад.
Мухолифин онро танқид мекунанд.
Путини 69-сола аз соли 1999 боз ҷилави қудратро дар Русия ба даст дорад. Дар ин миён як муддат сарвазир будааст.