Ҳазораҳо мегӯянд, Толибон онҳоро аз хонаҳояшон меронанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ҳазораҳои Афғонистон мегӯянд, Толибон хонаҳояшонро ишғол намуданд ва онҳо маҷбур шуданд, аз макони доимии зисташон фирор кунанд.

Як гурӯҳи ҳазораҳои вилоятҳои Дайкундӣ ва Урузгон дар Кобул паноҳгоҳ ёфтаанд.

Қавми ҳазора тахминан 9 дар сади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳукмронии қаблии Толибон ҳазораҳо, ки аксаран шиамазҳаб мебошанд, мавриди таъқиб қарор доштанд.

Аз моҳи августи имсол, замони сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, гузоришҳо дар бораи таъқиби ҳазораҳо боз ба чашм мехӯранд.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) навиштааст, ки моҳи октябр дар минтақаи Дайкундӣ Толибон 13 ҳазора, собиқ сарбозони ҳукуматиро ба қатл расонданд. Ҳамон вақт Толибон таъқибу азияти ҳазораҳоро рад карданд.