Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо нигаронӣ аз паҳншавии навъи ҷадиди коронавирус вуруди одамонро аз Африқои Ҷанубӣ маҳдуд кардааст.
Иқдоми Кохи Сафед рӯзи 26-уми ноябр эълон шуд. Президент Ҷо Байден гуфт, ин чораи эҳтиётӣ аст.
Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Русия, Бразилия, Бритониё, Туркия ва Австралия, низ вуруди афрод аз кишварҳои ҷануби Африқоро манъ кардаанд.
Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқа кардаанд, ки парвозҳоро аз ҳафт кишвари африқоӣ бозмедоранд. Ин дар ҳолест, ки Белгия, узви Иттиҳоди Аврупо, аллакай дар бораи як мавриди гирифторӣ ба навъи ҷадиди вирус хабар додааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ навъи нави коронавирусро дар баландтарин сатҳи нигаронии худ қарор додааст. Созмон мегӯяд, ҳолати аввалини сирояти вируси нав 9-уми ноябр дар Африқои Ҷанубӣ шиносоӣ шуд.