Олмон даъвати Минскро дар бораи қабули 2 ҳазор муҳоҷире, ки дар як урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Белорус бо Лаҳистон қарор доранд, рад кард. Бино ба иттилои "Мавҷи Олмон", намояндаи расмии ҳукумати Олмон 22-юми ноябр гуфтааст, ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо наметавонанд пешниҳоди раҳбари Белорус Александр Лукашенкоро пазиранд.
Мақомоти Белорус интиқоли муҳоҷирон ба марзи ин кишвар бо Лаҳистонро идома медиҳанд. Хадамоти марзбонии Белорус хабар дод, ки шаби 21 ноябр 150 муҳоҷир талош карданд, ки ба он кишвар ворид шаванд. Онҳо гӯё таҳти идораи Хадамоти махсуси Белорус амал мекарданд.
Александр Лукашенко қаблан гуфта буд, ки аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел даъват кард, то ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад ва Меркел низ гӯё ваъда додааст, ки ин даъватро баррасӣ мекунад.
Меркел ҳафтаи гузашта бо вуҷуди тандқидҳо дар Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо ду бор ба Лукашенко занг зад. Ба гуфтаи намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт, "ҳадаф аз тамосҳо беҳсозии вазъи мушкили башарӣ дар марзи Белорус бо Лаҳистон буд, на эътирофи қонунии Лукашенко".