Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International), қароргоҳаш дар Лондон, аз мақомоти Эрон хостааст, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Наргис Муҳаммадиро фавран озод кунад. Созмон мегӯяд, ба ӯ 80 шаллоқ таҳдид мекунад.
Афви Байнулмилал 18-уми ноябр гуфт, Муҳаммадиро дар ғарби Теҳрон ва ҳангоми иштирок дар маросими ёдбуди марде, ки аз сӯи нерӯҳои амниятии Эрон дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2019 кушта шуда буд, боздошт карданд.
Ҳеба Морайеф, мудири минтақавии Афви Байнулмилал барои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, дар изҳороте гуфт: "Боздошти ҳомии ҳуқуқи башар барои даъват ба ҳақиқат ва адолат дар солгарди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2019, ки дар он садҳо марду зан ва кӯдакон аз ҷониби нерӯҳои амниятии Эрон кушта шудаанд, амали сангдилона аст."
Наргис Муҳаммадӣ муовини раиси Маркази мудофеони ҳуқуқи башар дар Эрон аст. Вай бо маъракаи қадам ба қадам бекор кардани ҳукми эъдом (қатл) ҳамкорӣ кардааст.
Додгоҳи Теҳрон моҳи май ӯро бо иттиҳоми "паҳн кардани таблиғ алайҳи низом" ба 2,5 соли зиндон, 80 шаллоқ ва ҷарима маҳкум намуд.