Узбекистон ва Аврупо маркази кумак ба Афғонистонро таъсис доданианд

Узбекистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) мехоҳанд, дар шаҳри Тирмизи он кишвар маркази кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро таъсис диҳанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ додааст. Намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо, Томас Никлассон, 15-уми ноябр дар шаҳри Брюссел масоили марбут ба Афғонистонро баррасӣ карданд.

"Никлассон ба мусоидати Узбекистон дар масъалаи берунории шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ аз Афғонистон баҳои баланд дода, алоқамандии иттиҳодро барои ҳамкориҳои минбаъда бо кишвари мо дар бораи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон баён кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Пештар хабар дода шуд, ки Созмони Милал тасмим гирифтааст, ёриҳои башардӯстонаро ба Афғонистон тавассути Узбекистон расонад.