Ду мурофиаи чолишбарангез дар додгоҳҳои ИМА

Додгоҳи таҷдиди назар дар Вашингтон

Ду муҳокимаи додгоҳие, ки ба масоили нажодпарастӣ, ҳуқуқ ба силоҳ ва иддаои дифоъ аз худ рабт дорад, чолиши ҷиддие барои мақомоти баландпояи амрикоӣ номида мешавад. Дар шаҳри Брансвики аёлати ҷанубии Ҷорҷиа се мард барои куштори марди сиёҳпӯст Аҳмад Арбери дар таърихи 23 феврали соли 2020 ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Пеш аз қатли ин мард ин се нафар бо мошинашон Арбериро таъқиб кардаанд. Айбдоршавандаҳо иддао карданд, ки ин мард ба хонаҳои дигарон ворид шудааст ва ба ҳамин хотир онҳо хостанд ӯро ҷазо диҳанд. Тарафдорони Арбери гуфтанд, ки ӯ кори баде накарда, балки аз маҳаллаи ин мардҳо медавид.

Қазияи дигар дар шаҳри Кеношаи аёлати Висконсин рух додааст. Баъди он ки полис августи порсол як марди сиёҳпустро бо чанд тири силоҳ маҷрӯҳ кард, дар ин маҳал эътирозу шӯриш сар зад. Шаби сеюми эътирозҳо Кейли Риттенҳауз, ҷавони 17-солаи мусалаллаҳ бо автомати AR-15 ду мардро куштаву якеро захмӣ намуд. Ӯ гуфт, ки барои ҳимояти тиҷоратҳои маҳаллӣ ба даст силоҳ гирифта ба кӯча баромад. Ӯро барои куштор муҳокима мекунанд, дар ҳоле, ки худи ӯ мегӯяд, дар ин ҳодисаҳо аз худ дифоъ мекард. Рӯзи 15 ноябр дар мурофиаи Кейли Риттенҳауз охирин баёноти додгоҳӣ шунида мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки бо назардошти қонунҳои бисёр сахти Висконсин дар робита бо дифоъ аз худ ин ҷавон сафед мешавад, вале, ба қавли таҳлилгарон, ин ҳукм метавонад эътирозу норизоияти зиёдро ба бор оварад.