Дар Доғистон имоми масҷиди як деҳаро бинобар даъвову кашмакаш барои замин куштаанд. Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ ҳодиса дар деҳаи Аметеркмахӣ дар 120 километрии маркази Доғистон шаҳри Махачқалъа сурат гирифтааст.
Як фарди мусаллаҳ бо туфанг ба имоми масҷиди деҳа Обид Магомедов ҳамла карда ӯро куштааст ва писару ҷиянашро маҷруҳ кардааст. Бино ба гузоришҳо сабаби тирандозӣ ҷанҷол барои порчаи замин байни ҳамдеҳагон будааст. Ҳамлаварро яке аз хешовандони маҷруҳи имоми масҷид бо зарби корд дар гарданаш куштааст.
Дар ҷойи ҳодиса ду туфангча ва як автомат пайдо кардаанд ва фарди мусаллаҳ Асадулло Раҳмонови 62-солаи бознишаста будааст. Дар вазорати умури дохилии Доғистон хабари ҳамлаву қатлро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки парвандаро Кумитаи тафтишотии Доғистон таҳқиқ мекунад.