Шаҳрвандони 52 кишвар метавонанд бе виза ба Тоҷикистон сафар кунанд

Акс аз бойгонӣ.

Аз оғози соли оянда шаҳрвандони 52 кишвар имкон хоҳанд дошт, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар кунанд. Дар ин замина қарори ҳукумат содир шудааст ва тибқи он, муҳлати будубоши ин шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон як моҳ муқарар шудааст. Аз ин имтиёз, аз ҷумла зодагони Туркия, Олмон, Фаронса, Италия, Қатару Ҷопон ҳаққи истифодаро доранд. Ҳадафи ҷорӣ кардани сабукӣ, афзоиши вуруди сармоягузорӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба кишвар гуфта мешавад. Дар айни замон Тоҷикистон бо 58 кишвари олам реҷаи бидуни раводиди дуҷонибаро дорад.