Мақомоти Русия гуфтанд, бо вуҷуди эълони ҳафтаи ғайрикорӣ, гирифторӣ ба коронавирус коҳиш наёфтааст. Дар 24 соати охир 41 ҳазору 335 нафар ба ин вирус гирифтор шудаааст ва 1180 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Мақомоти Русия аз 30-уми октябр то 7-уми ноябрро ҳафтаи ғайрикорӣ эълон карда буданд. Оморҳо нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳо ва бастани аксари ҷойҳои ҷамъиятӣ натиҷаи зиёд надодааст. Эълони ҳафтаи ғайрикорӣ ба даромади муҳоҷирони тоҷик, ки дар бахши хидматрасонӣ кор мекунанд, таъсири худро гузоштааст. Қаблан намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфта буд, ки дар рӯзҳои ғайрикорӣ дар сохтмонҳои шаҳри Москав маҳдудияти корӣ ҷорӣ нашуда, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолият ва рафту омад ба ҷойи кор пурзӯр карда мешаванд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Бо вуҷуди эълони ҳафтаи ғайрикорӣ, гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Русия коҳиш наёфт
Русия. Акс аз бойгонӣ.