Ҳукумати "Толибон" истифода аз пули хориҷиро манъ кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати "Толибон" рӯзи сешанбе эълом кард, ки истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст. Ин тасмими "Толибон" метавонад, боиси варшикаста шудани иқтисоди ин кишвар шавад. Дар ҳоли ҳозир бо қатъи ногаҳонии кумакҳои байналмилалӣ, иқтисоди ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст.