Чаро музди кори кормандони агентиро кам карданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ маоши кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то 50 дарсад кам карда шудааст - маоши онҳое, ки поккории наҳру рудхонаҳо ва обёрӣ вазифаашон аст. Қарори коҳиши музди кор сабаби ҳайрат ва норозигии садҳо корманди ин идора дар Кӯлоб шудааст.