Боздошти намояндаи "Белсат" дар фурудгоҳи Минск

Алексей Дзикавитский, муовини мудири телевизиони "Белсат"

Ирина Славникова, намояндаи телевизиони "Белсат" дар Беларус, дар фурудгоҳи шаҳри Минск дастгир карда шудааст. Дар ин бора Алексей Дзикавитский, муовини мудири телевизион, 30-юми октябр дар Фейсбук хабар дод.

Дзикавитский гуфт, Славникова, ки ҳамзамон муовини раиси Анҷумани рӯзноманигорони Беларус аст, бо шавҳараш Александр Лойко шоми 29-уми октябр ҳангоми бозгашт аз Миср боздошт шудаанд.

Ӯ афзуд, дар куҷо будани Славникова ва шавҳараш маълум нест, чун телефонаш хомӯш аст, вале марзбонҳо ва маъмурони гумрук ба падари Ирина гуфтаанд, касе боздошт нашуд.

"Белсат", манбаи хабарии маъруф барои мардуми Беларус, бештар фаъолияти мухолифини Александр Лукашенкоро бозтоб медиҳад. Ин шабака, ки аз ҷониби Лаҳистон (Полша) сармоягузорӣ мешавад, моҳи июл аз ҷониби мақомоти Беларус "ифротӣ" эълон ва вебсайташ баста шуд.

"Белсат" соли гузашта тазоҳуроти зидди Лукашенкоро ба таври густарда инъикос кард.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Беларус маъракаи фишорро ба расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда, даҳҳо рӯзноманигорро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, Катерина Андреева ва Даря Чултсова, хабарнигорони "Белсат", моҳи феврали имсол ба ду сол зиндон маҳкум шуданд.