Аз Чин хостанд, ки роҳи нозиронро ба Шинҷон кушояд

Урдугоҳи бозтарбия

43 кишвари дунё аз ҳукумати Чин хостаанд, нозирони ҳуқуқи башаррро ба Вилояти Шинҷон роҳ бидиҳад. Дар ин минтақаи Чин як миллион ақаллияти уйғур ва мусулмонҳои дигарро дар урдугоҳҳои бозтарбия нигаҳ медоранд.

Эъломия 21-уми октябр имзо шуд. Дар он аз Чин хоста шудааст, ба нозирони мустақил, аз ҷумла масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал фавран иҷоза бидиҳад, ки вазъро дар Шинҷон таҳқиқ кунанд.

Баёнияи муштаракро Фаронса дар Созмони Милал хонд ва Амрикову кишварҳои Аврупо ва Осиё имзо кардаанд.

Дар баёния омадааст, дар Чин бо уйғурҳо рафтори ғайриинсонӣ сурат мегирад, онҳоро бо зӯр безурёт мекунанд ва волидонро аз фарзандонашон ҷудо мекунанд.

Сафири Чин дар Созмони Милал, Жан Йун, гуфт, ин ҳама “дурӯғ ва як дасисае барои осеб расондан ба Чин аст.”

Дар вилояти Шинҷони Чин, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, гуруҳе аз тоҷикон ҳам зиндагӣ мекунанд. Чин солҳои пеш мегуфт, урдугоҳҳои бозтарбияро барои пок кардани ақидаҳои ифротӣ аз мағзи мардум сохтааст.