Як таҳқиқот, ки бо пуштибонии СММ барпо шудааст, мегӯяд, ба хотири он ки даҳ сол баъд гармоиши иқлим дар сайёра ба сатҳи бисёр хатарнок нарасад, бояд истеҳсоли ангишт, нафт ва газ дар ин муддат беш аз ду баробар кам шавад. Барномаи муҳитзистии СММ дар гузорише, ки 20-уми октябр нашр кард, мегӯяд, кишварҳо нақша доранд, ки истеҳсоли ангишту нафту газро дар поёни даҳсолаи оянда ду баробар зиёд кунанд ва ин бо пешбинии то 1,5 дараҷаи Селсия гарм шудани иқлим то соли 2030 мувофиқат намекунад.
Таҳқиқоти коршиносон мегӯяд, агар ҳам истеҳсоли ангишт коҳиш ёбад, тавлидоти газ дар 20 соли баъдӣ ба сатҳе боло мешавад, ки бо ҳарорати иқлиме, ки дар созишномаи Париж зикр шудааст, номутаносиб мешавад. Гузориши мазкур дар остонаи ҷаласаи муҳими муҳитзистӣ нашр шуд, ки бояд дар шаҳри Глазгоуи Шотландия барпо шавад ва яке аз машваратҳои муҳим барои огаҳӣ аз риояи шартҳои созишномаи Париж ба шумор меравад.
Плой Ачакулвисут, муҳаққиқи калони Пажӯҳишгоҳи муҳитзистии Стокҳолм ва яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, “натиҷаҳои таҳқиқот хеле паёми рӯшан медиҳад, ки бояд истеҳсоли ҷаҳонии ангишт, нафт ва газ билофосила коҳиш ёбад, то ки ба меъёри то 1,5 дараҷа Селсия боло рафтани гармоиши ҳаво мутобиқат кунад”. Ба гуфтаи ӯ, бо ин вуҷуд бисёр ҳукуматҳо то ҳол истеҳсоли маҳсулоти сӯзишвории табииро дар сатҳе ба нақша гирифтаанд, ки аз меъёрҳои масрафи амну бехатар барои иқлим убур мекунад.