Мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рӯзи 12-уми октябр бо Владимир Зеленский, президенти Украина амнияти Аврупо ва мушкилот бо Русияро баррасӣ мекунанд.
Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо ва Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо бо президенти Украина таҳдидҳои амниятӣ ва ҷанг дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунанд.
Ин 23-умин нишасти Иттиҳоди Аврупо бо Украина пас аз оғози ҷанг дар шарқи ин кишвар бо пуштобонии Русия аз ҷудоиталабон аст, ки ҳашт сол боз давом дорад.
Хосеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пеш аз нишаст гуфт, ки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо бори дигар "пуштибонии ҳамаҷониба" -и худро аз тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина эълон хоҳанд кард.
Русия соли 2014 Қрими Украинаро ба хоки худ ҳамроҳ кард ва дар шарқи ин кишвар ҳашт сол боз ҷудоиталабонеро, ки муқобили ҳукумати Киев ҷанг мекунанд, пуштибонӣ мекунад.
Украина, ки ҳамсояи Русия аст, бо ин кишвар солҳо боз муносибати сард дорад.