ИА барои низомиёни Украина барномаи омӯзиширо ба роҳ мемонад

Занони низомӣ дар Украина

Иттиҳоди Аврупо дар назар дорад, дар баробари фаъолиятҳои низомии давомдори Русия як маъмурияти омӯзиширо барои афсарони Украина ба роҳ монад. Дар ҳоле ки таниш миёни Киеву Маскав рӯ ба афзоиш ниҳодааст, баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, як барномаи мустақили омӯзишу машваратдиҳиро барои Украина фаъол кунанд. Рӯзномаи "Welt am Sonntag"-и Олмон ин хабарро рӯзи 3-юми октябр бо такя ба як санади Иттиҳоди Аврупо нашр кардааст. Дар ин санад омадааст, бо дарназардошти фаъолиятҳои низомии Русия дар марзҳои Украина ва Қрим, ки Русия онро ғайриқонунӣ ба ҳудуди худ шомил кардааст, ин маъмурият баёнгари ҳамбастагӣ бо Украина хоҳад буд.